
16.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зайиров Нурулло Хурсандович 1962 с/т, миллаташ қирғиз, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Муқсӯ, деҳ. Мук дастгир карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили оғилхона 1-адад силоҳи оташфишонии тамғаи “АК”, қутраш 7,62-мм бо 2-адад тирдони бе тир, бе рақам ва бе соли барориш, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, дарёфт ва гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи РТК ВКД ҶТ таҳти №1134 аз 17.09.2019 сол, силоҳи гирифташуда дар ҳолати коршоям қарор дорад.
Комментарии (0)