
17.09.2019 муайян карда шуд, ки санаи 07.09.2019 сол тахминан соати 20.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Абирқулова Саодат Араловна 1964 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чуст, деҳ. Элоқӣ-2 даромада, бо роҳи фишурдани узвҳои бадан ӯро аз ҳаёт маҳрум намуда, баъдан, қулфи сандуқи чӯбинро шикаста 1.000-сомониро тасарруф намудаанд. Сипас, ҷинояткорон кирдорҳои ҷинояткоронаашонро идома дода, аз дохили оғилхона 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ таҳти бо моддаҳои 104 қ.1 ва 248 қ.2, банди “д” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)