< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
18.09.2019 сол тахминан соати 17-30 дақиқа ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-50” р/д 67-57 ША, бо ду ядакаш ЗТ 56-52, 27-70 ТS, Ҳайитбоев Гурезалӣ 1956 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\ш Бӯстонқалъа, деҳ. Механизатор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷ\ш Бӯстонқалъа, деҳ. Механизатор-1 ба самти деҳ. Механизатор-2, хурдсол, Турдиев Аҳмадҷон Алишерович 2010 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\ш Бӯстонқалъа, деҳ. Механизатор, хонандаи синфи-3-юми МТМУ №70, ба байни ядаки якум ва дуюм савор шуда, аз беэҳтиётиаш афтида зери чархи ядаки дуюм мондааст. Дар натиҷа хурдсол, Турдиев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

18.09.2019 тахминан соати 16.30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Астра» р/д 63-61 НМ/02 шаҳрванд Қудусов Иззатулло Абдуғаффорович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Исфара, кӯч.А.Ҷӯраев х.182, ҳангоми харакат кардан дар роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Хуҷанд”, дар 63-юм километри ҳудуди ҷ/д Хистеварзи н. Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол, Қозиқулов Сироҷхон Эҳромхӯҷаевич 2013 с/т, миллаташ қирғиз, истиқоматкунандаи Ҷ.Қирғизистон, вил.Баткент, н.Лейлак, ҷ/д Борбордук, кӯч. К.Ҳомидов х.15-ро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Қозиқулов С.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий