
10.09.2019 шаҳрванд Додобоев Анвар Ҳоҷиевич 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш-ки Ғончӣ, кӯч. Ҷ. Расулов х.11 ба ШВКД ноҳияи Деваштич муроҷиат намуд, ки санаи 21.08.2019 сол тахминан соати 14:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истикоматиаш даромада, аз он ҷо 20.000-рубли ФР ва масолеҳи сохтмонӣ, ки арзишаш 250-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маҳмадаминов Шараф Орифович 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш-ки Ғончӣ, кӯч. С.Умар х.5 дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Маҳмадаминов Ш.О. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)