
10.09.2019 тахминан соати 23.00-дақиқа ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер» шаҳрванд Кумашов Владимир Александрович 1994 с/т, миллаташ рус, бекор, истиқоматкунандаи ш.Гулистон, кӯч. А.Назиров х.25, ҳангоми харакат кардан бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар 291,800-ум километри ҳудуди ҷ/д Ёваи н. Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Шарифов Абдувосит Мирзобоевич 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Айнӣ, ҷ/д Искодарро пахш намудааст. Баъдан, аз самти ҳаракати дучархаи мазкур а/м тамғаи «Мерседес-Бенс», р/д ТҶ 42-43 КО/02 таҳти идораи ронанда, Турсунов Раҳим Раҳматович 1961 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, кӯч. Ҷ.Зокир х.386 пиёдагард, Шарипов А.М-ро, ки дар роҳ мехобид пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Шарифов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)