МАРД БАРОИ ТАШКИЛИ ФОҲИШАХОНА ДАСТГИР ШУД
11.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Азизов Шавкат Раҳматович 1962 с/т, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, кӯч. Байналмилалӣ х.23/10 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 10.09.2019 сол тахминан соати 13.00-дақиқа хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон Отақӯзиев Фарҳод Усмонович 1992 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, деҳ. Зафар ва Холиқова Фариза Одиловна 1994 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д А.Ҷомӣ, деҳ. Зарафшон, кӯч. Зарнигор х.1, шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Инчунин, санаи 14.08.2019 сол тахминан соати 10.00-дақиқа шаҳрванд Азизов Ш.Р. дар хонаи истиқоматиашро ба шаҳрвадон Отақӯзиев Ф. ва Холиқова Ф. барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз он ҷо 150-сомонӣ муқофтпулӣ гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати шаҳрванд Азизов Ш.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)