ҚАЛЛОБӢ
10.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Озорбойҷон шаҳрванд Ҳасанов Халик Камад 1975 с/т, миллаташ озорбойҷонӣ, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Шамсӣ х.24, ҳ.80 дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2017 дар филиали ҶСК “Ориёнбонк”, воқеъ дар кӯч. Н.Махсум бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Хушвахтов Соҳибназар Ғоибович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Ҳисор х.60, ҳ.2, Одинаева Малика Давлатшоева ва Баротов Миратулло Астанқулович даромада, аз онҳо 44.600-доллари ИМА ва 100.000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст. 11.09.2019 шаҳрванд Мақсудов Ишонҷон 1962 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Шероз х.30/3, ҳ.19 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2017 шаҳрванд Каримов Баҳодур Ҷалолович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, кӯч. З.П.Хоҷаев х.62, пеш бо моддаҳои 127 ва 212 КҶ ҶТ суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 52.000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Каримов Б.Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)