ДУЗДӢ
11.09.2019 шаҳрванд Фирӯзова Заррина Мирзоевна 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Хоруғ х.37/2 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 муроҷиат намуд, ки шаби 10 ба 11.09.2019 сол тахминан соати 01.20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 200-доллари ИМА, 200-Евро ва 1-адад мӯйхушккунакро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5.000-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 11.09.2019 шаҳрванд Азизов Мурод Азизхуҷаевич 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.58/1, ҳ.77 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки шаби 21 ба 22.08.2019 сол тахминан соати 00.20-дақиқа шахсони номаълум дар истгоҳи мусофиркашонӣ, воқеъ дар кӯч. Ҷ.Расулов бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-Нот 7”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2.000-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)