ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД
11.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдуллоев Дилшод Миршарифович 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Бақоев х.11 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 10.09.2019 сол тахминан соати 08.00-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ ба мағозаи «Карман», воқеъ дар бозори «Афросиёб»-и ш.Хуҷанд, ки ба шаҳрванд Боҳирова Ибодат Абдурабиевна 1982 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкори инфиродӣ, истиқоматкунандаи маҳаллаи-19 х.28, ҳ.66 тааллуқ дорад, даромада, аз дохили сумкачаи занона 5.820-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6.020-сомониро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрванд Абдуллоев Д.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.11.09.2019 шаҳрванд Мусоев Ҳусейн Мирзоевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Боғи-калон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 10.09.2019 сол тахминан соати 09.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, р/д 73-23 ЕН/01, ки дар ҳудуди деҳ. Сомонии ҷ/д Чимтеппа беназорат меистод, 8.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳалимов Иззатулло Мирзоалиевич 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, ҷ/д Шаталов, деҳ. Чорбоғ х.10, дастгир карда шуд.
11.09.2019 шаҳрванд Баротов Салоҳиддин Ҳусейнович 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. А.Ғуломов х.64, ҳ.12 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 10.09.2019 сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, воқеъ дар кӯч. Ҷомӣ даромада, аз он ҷо 7.000-сомонӣ ва 100-доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қосимов Рустам Музаффарович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, кӯч. Бинокорон х.25, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)