< ЛАТУКӮБИ ҲАМДЕҲА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЛАТУКӮБИ ҲАМДЕҲА

ЛАТУКӮБИ ҲАМДЕҲА
11.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мирзоев Нарзуллоҷон Ғайбуллоҷонович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, кӯч. 1-Май х. 120 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 08.09.2019 сол тахминан соати 17.30-дақиқа дар ҳудуди ҷ/д Қалъачаи-Калони ш. Истаравшан аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шаҳрванд Додоев Бахтовар Назарқулович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Қалъачаи-Калон, деҳ. Қалъачаи-Калон ҷангу ҷанҷол карда, якчанд маротиба ба сару рӯяш бо дастонаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Додоев Б.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Истаравшан бистарӣ гардидааст. Нисбати шаҳрванд Мирзоев Н.Ғ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий