< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
10.09.2019 тахминан соатҳои 22.20-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Чакман”, р/д ТҶ 240 ХР/01, шаҳрванд Худойдодов Нозимшо Ҳайдарович 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, деҳ. Барван, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб-Қалъаихум-Хоруғ” дар 278-ум км ҳудуди деҳ. Зиғар-Яхчисори н.Дарвоз аз уҳдаи идораи а/м набаромада а/м-ро ба дарёи “Панҷ” чаппа намудааст. Дар натиҷа худи ронанда, Худойдодов Н.Ҳ. ва мусофири а/м мазкур шаҳрванд Бачабеков Хушбахт Давлатбекович 2000 с/т, истиқоматкунандагони н.Ванҷ, деҳ. Барван ба дарёи “Панҷ” ғарқ шудаанд. Барои дарёфт намудани ҷасади ш-ндон: Худойдодов Н.Ҳ. ва Бачабеков Х.Д. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

10.09.2019 сол тахминан соати 13:30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д ТҶ 66-64 ДО/02, Қулов Алимардон Ҳабибқулович 1983 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Шинг, деҳ.Шинг, миллаташ тоҷик, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Айнӣ-Панҷакент», дар 105-ум км, ҳудуди ҷ/д Саразм бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ, Солеҳов Хайём Парвизович 2005 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.17, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №1-ро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ, Солеҳов Х.П, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказӣ ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий