ДУЗДӢ
10.09.2019 шаҳрванд Назарова Саида Нусратуллоевна 1985 с/т, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи 1-ум, х.2 ҳ.38 ба ШВКД ш.Турсунзода муроҷиат намуд, ки санаи 08.09.2019-сол тахминан соати 02.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш ҷавоҳиротҳои тиллогин, ҷамъ ба маблағи умумии 7450-доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
10.09.2019 шаҳрванд Ҳакимзода Ҷамила Маҷид 1971 с/т, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ, х.2В ҳ.48 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 08.09.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс” р/д 01-77 СТ/01, ки дар назди бинои №28 кӯч.Фирдавсӣ беназорат меистод, 1000-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
10.09.2019 шаҳрванд Солиева Зӯҳро Қаҳҳоровна 1979 с/т, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д М.Турсунзода, деҳ. Истиқлол-3 ба ШВКД н.Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 09.09.2019-сол аз соати 09.00 то 17.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 1500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
10.09.2019 шаҳрванд Мусоева Зулайхо Мусоевна 1966 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Махсум, деҳ. Чорбоғ ба ШВКД н.Рашт муроҷиат намуд, ки санаи 05.09.2019-сол тахминан соати 10.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 5000-сомонӣ ва 1-адад телефони тамғаи “Самсунг” арзишаш 500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5500-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)