САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
08.09.2019 сол тахминан соати 20:50 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Хундай Старекс» р/д 62-08 ТТ/01 шаҳрванд Эмомов Ҷамшед Раҳмоналиевич с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. П.Морзов х.23, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Сомонӣ аз тарафи кӯч.Сино ба самти кӯч. Н.Ганҷавӣ дар сероҳаи кӯч. И.Сомонӣ-Варзишгарон ба а/м тамғаи «Мерседес-Бенс» р/д 77-70 NN/01 таҳти идораи ронанда, Авлоқулов Фахриддин Шарофиддинович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч.Қаҳҳоров х.19, қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа а/м тамғаи «Мерседес-Бенс» р/д 77-70 NN/01 самти харакаташро тағйир надода, пиёдагардони ноболиғ, Сиёвуши Зафар 2004 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Варзишгарон х.5, ҳ.59, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №25 ва Муҳиддинзода Аюб 2001 с/т. истиқоматкунандаи кӯч.Варзишгарон х.5 ҳ.2, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №25-ро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагардони ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ММТ ҶТ дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи а/м тамғаи «Мерседес-Бенс» р/д 77-70 NN/01 шаҳрванд Авлоқулов Ф.Ш, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи мазкур бистарӣ гардидааст.
09.09.19 сол тахминан соати 06:20 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Астра», р/д ТҶ 41-86 НН/02 шаҳрванд Саидов Муҳиддинҷон Тӯхтабоевич 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯч. Н.Кӯҳсор х.5/2, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Сомғор-Ашт», дар 6-ум км ҳудуди ҷ/д Д. Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Абдураҳмонова Шоира Абдувоситовна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш. Бӯстон, ш-кӣ Палос, маҳ.1 х.1, ҳ.11-ро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Абдураҳмонова Ш. А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)