< ДАҲШАТ! МАРД ЗАНАШРО БО КОРД ЗАД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲШАТ! МАРД ЗАНАШРО БО КОРД ЗАД

ДАҲШАТ! МАРД ЗАНАШРО БО КОРД ЗАД
09.09.2019 сол  шаҳрванд Ҷӯраева Фирӯза Олимовна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор,  истиқоматкунандаи 3-юм гузаргоҳи кӯч.Б.Ғафуров х.5. ҳ.8 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 08.09.2019 сол тахминан соати 21:00 дақиқа дар дохили хонаи истиқоматиаш шавҳараш, Одилов Муҳаммадсолеҳ Муродович 1973 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, сантехники ҶДММ «Спа-Ҳаят», дар ҳолати мастӣ,  аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, дар қисмати гардан ва пойи чапаш 2-маротиба  задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Ҷӯраева Ф.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ гардидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий