ДАСТГИР ШУДАНИ ДУЗДОНИ “ТАҶРИБАДОР”
28.07.2019 сол шаҳрванд Умарова Дилнора Вайдуллоевна 1993 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чилгазӣ, кӯч. А. Исоқӣ х.76, омӯзгори МТМУ №36 ба ШВКД ноҳияи Исфара муроҷиат намуд, ки шаби 27 ба 28.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин ва нуқрагин, ки арзишашон 3500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маҳкамов Абдунаим Раҳмонович 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш-кӣ Шӯроб, кӯч. 40-солагии Тоҷикистон х.5, ҳ.3, пеш бо бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ қисман ёфта гирифта шуд. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 05.09.2019 сол шаҳрванд Одинаев Рамазон Назарович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Ҷомӣ х.42/4, ҳ.93 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 15 ба 16.08.2017 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 8000-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Юсуфова Шабнам Нуралиевна 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Панҷ, кӯч. Шевченко, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд.
Комментарии (0)