
05.09.2019 сол шаҳрванд Гулов Раҷабмаҳмад Абдуллоевич 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ғаллаобод, деҳ. Эшма ба ШВКД ноҳияи Хуросон муроҷиат намуд, ки моҳи март ва апрели соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои деҳаашон 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 3600-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Раҷабов Саймаҳмад Муродович 1964 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ғаллаобод, деҳ. Эшма, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Комментарии (0)