ҲОДИСАИ НОХУШ
03.09.2019 сол тахминан соати 16-00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Хова», р/д ТҶ 79-01 ДО/01 шаҳрванд Норов Хурсандмурод Қосимович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н. Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳ. Мӯъминобод, дар ҳудуди корхонаи чинии «ТВЕА», воқеъ дар мавзеъи Кумарғи Болои ҷ/д Айнӣ, ки дар корхонаи мазкур тариқӣ шартномавӣ фаъолият мебарад, ҳангоми фаромадан аз нишебии иншооти номбурда, аз уҳдаи идора кардани а/м набаромада, ба а/м-и аз пеш ҳаракат карда истодаи тамғаи «Чакман», р/д 997 ZЕ/01, ки ба ҶДММ «Глоба-Лизинг» тааллуқ дошта, таҳти идораи ронанда, Шукруллоев Ҷунайдулло Саъдуллоевич 1993 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш-ки Зарафшон х.1, бархӯрда, а/м тамғаи “Чакман” чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири а/м тамғаи «Чакман» шаҳрванд Маҷидов Рустам Баҳодурович 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н. Айнӣ, ш-ки Зарафшон х.1, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 03.09.2019 сол тахминан соати 19.00 дақиқа хурдсол Тошов Баҳромҷон Неъматович 2006 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳисор, деҳ. Равшан, дар майдончаи футболбозии деҳаи мазкур, ҳангоми бозӣ карданаш, бинобар сабаби бемор буданаш ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)