
03.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маллаев Абдунаим Эшназарович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, деҳ. Ҳисор дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтуков аз мағозаи шахсиаш №-31-32 олами тилло, воқеъ дар бозори “Корвон”-и ш.Душанбе, 15-адад сикка, 8-адад хула, 4-адад металӣ ба нуқра монанд дарёфт карда гирифта шуд. Дар асоси маълумотномаи Нозироти Давлатии Иёргирии назди Вазорати Молияи ҶТ хуллаҳои аз шаҳрванд Маллаев А.Э. гирифта шуда, ба металли қимматбаҳои нуқра сохташуда мансуб буда, вазни умумиаш 65-граммро ташкил медиҳад.
Комментарии (0)