< ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛӢ БО ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛӢ БО ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА

ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛӢ БО ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА
03.09.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Маханова Момоқиз Мардоновна 1962  с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, кӯч. Сомон х.66, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Мирганова Адолат Яриқуловна 1966 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, кӯч.И.Сомонӣ, санаи 28.08.2013 сол аз филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», воқеъ  дар н.Фирдавсӣ, дар шахсияти шаҳрванд Давлатов Исрам Аҳтамович ва соҳибкори инфиродӣ Маханова М.М. дар зомини Қараев Нуриддин бо мақсади ривоҷ додани фаъолияти соҳибкори 103000-сомонӣ ба муҳлати 12-моҳ кредит гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.Қарзи гирифтаи шаҳрвандон Маханова М.М. ва Мирганова А.Я. бо фоизҳояш 673914,25-сомониро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрвандон Маханова М.М. ва Мирганова А.Я. аз тарафи прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий