< ДУЗДӢ ДАР МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ ДАР МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН

ДУЗДӢ ДАР МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
03.09.2019 сол шаҳрванд Қодирова Зевар Файзуллохоновна 1989 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\ш Москва, кӯч.М.Турсунзода ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 17 ба 18.08.2019 сол тахминан соатҳои 23 ба 04-00 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба  хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо лавозимотҳои гуногуни рӯзғор ва 1-адад палтои занона, ки маблағи умумиашон 3200-сомониро ташкил медиҳад,  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

03.09.2019 сол шаҳрванд Боев Суҳроб Рустамович 1988 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\д Ориён, деҳ. Қизилюлдуз ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки санаи 02.09.2019 сол тахминан соатҳои 14 ба 15-00 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба   хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки маблағи умумиашон 2000-сомониро ташкил медиҳад,   дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

03.09.2019 сол шаҳрванд Мусамиров Изомуддин Бачадодович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоряккорон, деҳ. Зафар ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 02.09.2019 сол  шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба   хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 16000-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ҷамъ ба маблағи 26800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

03.09.2019 сол шаҳрванд Шарифов Тоир Зарифович 1950 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Даҳана, деҳ. Ҷавонӣ ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намуд, ки шаби 02 ба 03.09.2019 сол  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тиллогин ва нуқрагин, ки арзишашон 5853-сомониро  ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса  ғайб заданд.
Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий