< МУНОҚИША БО КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МУНОҚИША БО КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ

МУНОҚИША БО КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ
03.09.19 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобохонов Муин Махсумович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯч. С.Ҳофиз х.114  дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 03.09.19 сол тахминан соати 01:00 дақиқа дар назди бозори “Помир”-и ноҳия бо шаҳрванд Усмонов Азамат Олимович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкор, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯч. Шевченко х.28, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати шиками охирин задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Усмонов А.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар БМ ноҳия бистарӣ гардидааст. Нисбати шаҳрванд Бобохонов М.М. бо моддаи 110 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий