
29.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Кабирова Фируза Нуралиевна 1980 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Панҷ, кӯч. 60-солагии Тоҷикистон, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 14.07.2014 сол дар асоси шартномаи қарзӣ таҳти №3900655 аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н.Панҷ барои сохтумони мағоза ба маблағи 25000-доллари ИМА бо 30-фоизи солона ба муҳлати 2-сол гирифта, ғайри мақсаднок ба манфияти шахсияш сарф намудааст. Қарзи гирифтааш ба ҳолати то 27.08.2019 сол ба маблағи умумӣ 67688-доллари ИМА–ро ташкил медиҳад, ки то ҳол пардохт накардааст. Нисбати шаҳрванд Кабирова Ф.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ-3 КҶ ҶТ оғоз карда шуд.
Комментарии (0)