
28.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳванд Ҷамолова Ҳумайро Ғаюровна 1968 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ. Чортути поён х.89 дастгир карда шуд. Номбурда, бо маслиҳати пешаки бо собиқ эксперти филиали бонки “Агроинвестбонк” дар н.Шоҳмансур шаҳванд Сангинов Толибҷон Турсунбоевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, ҷ/д Шаҳраки Сомон, деҳ. Нурафшон, маълумотномаҳои қалбақии музди меҳнат аз 25.02.2015 сол ба номи қарзгиранда, писараш, Ҷамолов Рустамҷон Муродович 1988 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва ҷиянаш, Саидова Парвина Сафаралиевна 1986 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Б.Ғафуров х.36, ҳ.65, ба маблағи 41.160-сомонӣ, ки гуё онҳо оператор-менеджер дар ҶСК «Таком» кору фаъолият мекунанд омода намуда, санаи 04.03.2015 сол ба собиқ эксперти қарзии ҶСК “Агроинвестбонк” шаҳванд Сангинов Т.Т. дода, баъди қабули ариза барои гирифтани қарзи истеъмолӣ, яъне барои таъмири хона шартномаҳои қарзии таҳти №С/001-03/157540-002 ба маблағи 4500 доллари ИМА бо пардохти 30% солона ва ба мӯҳлати 18-моҳ шаҳванд Саидова П.С ба имзо расонида, ғайриқонунӣ ба шаҳрванд Ҷамолов Р.М, маблағи мазкурро ҳамчун қарз додааст. Нисбати шаҳрвандон Ҷамолова Ҳ.Ғ. ва Сангинов Т.Т. аз тарафи РМЗҶМ ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 340,264 ва 265 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)