ҚАЛЛОБӢ
28.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳванд Шокиров Ғайбулло Самиевич 1960 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Каратегинсикий х.10, ҳ.53, санаи 15.03.2019 сол дар назди РБДА ВКД ҶТ, воқеъ дар кӯч. Ҷ.Расулов-10 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳванд Ғафуров Неъматҷон Шермаҳмадович 1970 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Данғара, маҳ.8 даромада, аз ӯ 1-адад а/м тамғаи «Тайота-Камрӣ» р/д транзистиаш В33-52 Т/07, ки арзишаш 140.000-сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Шокиров Ғ.С, аз тарафи РТ ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 28.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳванд Азиззода Алишери Сирочиддин 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Варзоб, ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Бувак дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи июли соли 2018 дар кӯч.Рӯдакӣ назди бинои 4/1-и ш.Душанбе, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳванд Мавлянова Хулькар Норматовна 1957 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Рӯдакӣ х.4/1, ҳ.17 даромада, аз ӯ 39500-доллари ИМА-ро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст. Нисбати шаҳванд Азиззода А.С, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)