< ДУЗДИИ МАСОЛЕҲИ СОХТУМОНӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДИИ МАСОЛЕҲИ СОХТУМОНӢ

ДУЗДИИ МАСОЛЕҲИ СОХТУМОНӢ

26.08.2019 сол ба ШВКД ноҳияи Ховалинг мактуб аз директори ҶДММ ”Комил-2010” ворид гардид, ки санаи 11.08.2019 сол тахминан соатҳои 22 ба 23-00 дақиқа шахсони номаълум аз иншооти сохтумонии бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар ҷ/д Ховалинг, кӯч. И.Сомонӣ масолеҳи сохтумони 10-куб тахта, 100-линча семент, 600-дона фанер, 1-адад аппарати сементблокбарорӣ, 30-тонна арматура, ки арзишашон ҷамъ ба маблағи 732800-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ӽангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрвандон Убайдов Нуралӣ Файзуллоевич 1965 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, Убайдов Шералӣ Нуралиевич 1996 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯӣ соли 2-юми Донишгоҳи давлатии ш.Хоруғ, истиқоматкунандаи ҷ/д Ховалинг, маҳ. Санговак ва ноболиғ, Исмоилов Мирмуҳаммад Раҳимович 2004 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Мушфиқӣ х.109, ҳ.25, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №28 дастгир карда шудаанд. Далели шайъӣ қисман гирифта шуд. 

28.08.2019 шаҳванд Шарифов Беҳрӯз Нарзуллоевич 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Ҳосилот ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 19.08.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматиаш даромада, аз он ҷо таҷҳизотҳои барқӣ ва 1-адад тарозу, ки арзиши умумиашон 2170-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

28.08.2019 шаҳванд Неъмонов Ғиёсиддин Хайруллоевич 1993 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.60, ҳ.31 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки шаби 27 ба 28.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳони тирезаи а/м шахсиаш тамғаи «Карола» р/д 07-82 ДД/01-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод шикаста аз дохилаш ягон чиз пайдо накарда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳванд Неъмонов Ғ.Х. 150-сомонӣ зарар расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий