< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Аз 30 август то 2 сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ номусоидии ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳида, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шамол аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ тўфони чангу ғубор ба амал меояд. Пастшавии ҳарорати рўзонаи ҳаво дар ноҳияҳо то 6-8 дараҷа пешбинӣ мешавад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо  суръати 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона    20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18   метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо   суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий