
26.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шамсиев Зиё Балаҷонович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ш. Ҳисор, ҷ/д. Сомонӣ, деҳ. Ғайратобод, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 25.08.2019 сол барои нигоҳубин кардани чорвои шаҳрванд Қосимов Муродҷон Тоҳирҷонович 1995 с/т, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, кӯч. Исмоилов х.69 вазифадор карда шудааст. Номбурда 3 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 18.000 сомониро ташкил медиҳад, фурӯхта маблағашро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст. Нисбати шаҳрванд Шамсиев З.Б. парвандаи ҷиноятӣ бо мод. 245 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)