ДУЗДӢ
27.08.2019 шаҳрванд Раҳмонов Файзулло Ёрмаҳмадович 1963 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Гулбутта ба ШВКД ноҳияи Рӯдаки-1 муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.2019 сол тахминан соати 18.50 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дӯкони мағозаи комесонии бозори мошин, воқеъ дар ҳудуди ҷ/д Лоҳур, деҳ. Лолазор 4500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
27.08.2019 ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ мактуби Раёсати минтақавии ҶСП “ТТ Мобайл” дар в/Хатлон ворид гардид, ки моҳи августи соли 2019 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз пойгоҳи базавии “№3181-Ҳамадонӣ-Меҳнатобод”, воқеъ дар ҷ/д Меҳнатобод, деҳ. Олимтой 2-адад дастгоҳи хунуккунанда (Кондитсионер), ки арзиши умумиашон 4000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
27.08.2019 шаҳрванд Тураев Толибҷон Бегалиевич 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д. Россия, деҳ. Яккатут ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки моҳи сентябри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10-адад симчуб, 3-адад ДСП, ки арзиши умумиашон 8370-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сатторов Файзалӣ Одинамаҳмадович 1993 с/т, истиқоматкунандаи н.А.Ҷомӣ, деҳ. Оби Ошиқ, дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)