ҲОДИСАИ НОХУШ
25.08.2019 тахминан соати 16.50-дақиқа шаҳрванд Одинаев Абдурасул Абдусатторович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷруд, деҳ. Сафедоб, ҳангоми оббозӣ карданаш дар канали обгузарӣ назди деҳаашон аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 25.08.2019 тахминан соати 13.00-дақиқа шаҳрванд Коновалов Николай Илиодарович 1943 с/т, миллаташ рус, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. С.Ниёзов х.1, ҳ.41, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи Вахш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфти ҷасад чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)