< БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН БАРОИ НИГОҲДОРИИ ҒАЙРИҚОНУНИ ШИРАИ КАМОЛ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН БАРОИ НИГОҲДОРИИ ҒАЙРИҚОНУНИ ШИРАИ КАМОЛ

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН БАРОИ НИГОҲДОРИИ ҒАЙРИҚОНУНИ ШИРАИ КАМОЛ
26.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванди ҶИА Яқуби Иқбол 1990 с/т, миллаташ афғон, бекор, зодаи вил. Балхӣ, ш.Мазори Шариф маҳ.7, мув. истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯч. С.Шерозӣ х.31, ҳ.29, дастгир карда шуд. Номбурда, аввалҳои моҳи августи соли 2019 аз Ҳоҷи Нурмуҳаммад ном шаҳварнди ҶИА 62-кг шираи камолро гирифта, онро дар манзили истиқоматии шиносаш Шарифов Наврӯз Сафаралиевич, воқеъ дар н.Данғара, ҷ/д И.Шарифов, деҳ. Булёни боло, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст. Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи экспертизаи кимиёвию фармасевтии Сарраёсати Хадамоти Назорати Давлатии Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ дар вил. Хатлон маводҳои аз манзили истиқоматии шаҳрванд Шарифов Н.С. дарёфт карда шуда ба маводи шираи сахтшудаи камоли бадбӯй мансуб буда вазни умумиаш 62 кг-ро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрванди ҶИА Яқуби М.И. парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи ШТ ШВКД бо моддаи 234 иловаи 1 қ-2 бандҳои “б,д”-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий