< ҚАЛЛОБӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ

ҚАЛЛОБӢ
26.08.2019 шаҳрванд Азимова Ойби Тағоевна 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Хуросон х.1, ҳ.1 ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 12.03.2018 сол шаҳрванд Саидҷаъфари Мирзораҷаб 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.13/3, ҳ.7 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 160000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Худи ӯ санаи 20.05.2018 сол бо ҳамин роҳ ба боварии шаҳрванд Комилова Гулбаҳор Бобокалоновна 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, кӯч. Хуросон х.16, ҳ.11 даромада, аз ӯ 68400-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Инчунин, ӯ санаи 20.02.2019 сол бо ҳамин роҳ ба боварии шаҳрванд Фирдавсӣ Саиданвар 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Ховарон х.5 даромада, аз ӯ 68400-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий