ДУЗДӢ
26.08.2019 шаҳрванд Мирзоева Баҳринисо Мирзоалиевна 1991 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Қаҳрамон, деҳ. Таги намак, омӯзгори МТМУ №34 ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки шаби 24 ба 25.08.2019 сол тахминан соати 03.30 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни нуқрагин, ки арзишашон 1100-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад. 26.08.2019 шаҳрванд Ҳабибуллозода Лола 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Обчакорон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.2019 сол тахминан соати 23.30-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 24-адад шири қиёмшуда, 10-адад тушонка, ки арзишашон 1014-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад.
26.08.19 сол шаҳрванд Хӯҷаева Мусаввар Манноновна 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. К.Хуҷандӣ х.21 ба ШВКД ш.Бӯстон муроҷиат намуд, ки шаби 25 ба 26.08.19 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 10.000-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)