< ЧОРВОДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЧОРВОДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ЧОРВОДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД
26.08.2019 шаҳрванд Худойназарова Шарофат 1950 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чортеппа, деҳ. Ҷӯйбодом ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 08.08.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 4500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳварвандон, Нуралиев Беҳрӯз Имомалиевич 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чортеппа, деҳ. Ҷӯйбодом ва Муллоев Мақсадулло Фатҳуллоевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд. 

26.08.2019 сол шаҳрванд Раҳматов Шарифалӣ Қурбонович 1979 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳ.Гулбутта ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 26.08.2019 сол тахминан соати 07:30 дақиқа шахсони номаълум аз маҳ. Гулбутта 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5.700-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Исмоилов Маҳмадҷон Бегиҷонович 1990 с/т, истиқоматкунандаикӯч. Энергетик х.3, ҳ.15, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. 

26.08.2019 сол шаҳрванд Негматов Аюбҷон Кароматович 1966 с/т, истиқоматкунандаи н.Шаҳринав, кӯч. Гулистон х.20 ба ШВКД ш.Турсунзода муроҷиат намуд, ки санаи 26.08.2019 сол шахсони номаълум аз чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобоев Ҷамшед Ҳамидуллоевич 1989 с/т, истиқоматкунандаи маҳ.4 х.3, ҳ.9, дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий