
26.08.2019 сол шаҳрванд Бобоҷонов Наврӯз Абдувалиевич 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Қалъачаи Калон, деҳ. Қалъачаи Калон ба ШВКД ш.Истаравшан муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.19 сол тахминан соати 13:00 дақиқа шахсони номаълум дар ҳудуди бозори марказии ш. Истаравшан, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Оппо», ки арзишаш 1050-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷӯрабеки Хуршед 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Зарҳалол, деҳ. Қалъачаи Араб, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)