АВБОШИИ НОБОЛИҒ БО КОРД
26.08.2019 шаҳрванд Нарзуллоев Меҳваршо Тоҷиддинович 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Чуянгарон, деҳ. Чуянгарон х.45 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 26.08.2019 сол тахминан соати 03.30 дақиқа ҳангоми дар назди суратгирхонаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Сомон қарор доштанаш ноболиғ, Панҷшери Сироҷиддин 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, кӯч. Чармгар х.437, намехонад, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташ буда, ба қисми шикамаш аз тарафи рост 1-маротиба задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Нарзуллоев М.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи Истиқлоли ш.Душанбе бистарӣ шудааст. 26.08.2019 тахминан соати 10:00 дакиқа ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Аюбов Вафо Зафарович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ маҳ.13, пеш бо моддаи 237 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. Номбурда, дар майдони назди бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамоми “Баҳор”, воқеъ дар кӯч С.Сафаров бо шаҳрванд Набиев Нуриддин Масталиевич 1979 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи маҳ.С.Вализода х.86, назоратчии коргарони бинои мазкур, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба болои оринҷи дасти рости шаҳрванд Набиев Н.М. зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Набиев Н.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба беморхонаи ш. Кулоб муроҷиат намудааст. Далели шайъӣ 1-адад корд ёфта гирифта шуд.
26.08.2019 сол шаҳрванд Алиев Сангалӣ Турамуродович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д А.Абдулвосид, деҳ. Меҳргон х.179 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 26.08.2019 сол тахминан соати 13:30 дақиқа дар кӯч.Қазоқон назди бинои 114/1, бародараш, Алиев Сунатулло Турамуродович 1999 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, донишҷӯӣ соли 3-юми Донишгохи Тарбияи Ҷисмониро шаҳрванд Идиев Манучеҳр Зокирович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Варзоб, ҷ/д Айнӣ, деҳ.Бувак, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос лату кӯб намуда, бо олоти халандаву буранда 1-маротиба аз тарафи қафаси синаи тарафи чап ва 2-маротиба дар пои чапаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Алиев С.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии МДММТ ш.Душанбе бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)