
26.08.2019 ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сафаров Дилшод Лолаевич 1976 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Данғара, кӯч.Киров х.28, дастгир карда шуд. Номбурда, солҳои 1995-1996 дар ш. Қоҳираи Мисри Араб дар яке аз мадрасаҳои он ба гирифтани таҳсилоти динӣ машғул шуда, дар он ҷо ба ақидаҳои ифротгарои шинос шуда, мадрасаро ба итмом нарасонида барои дар амал татбиқ намудани ин ақидаҳо ба Ватан баргаштааст. Баъдан, шаҳрванд Сафаров Д.Л. соли 2001 бо моддаҳои 36-104 қ-2 КҶ ҶТ суд шуда, пас аз ба озодӣ баромаданаш аз соли 2012 то барҳамхӯрии ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҲНИТ” аз маҷаллаи ҳизби мазкур ба номи “Наҷот” истифода бурда, дар ҳудуди н. Данғара бо ақидаҳои ифротгаронаи худ дар байни мардум бар зидди қонунҳои имрузаи ҶТ суханронӣ намудааст. Шаҳрванд Сафаров Д.Л. мардумро ба низои миллӣ ва динӣ ҷалб намуда, як қисмати мардумро ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҲНИТ”, ки фаъолияташ аз тарафи Суди Олии ҶТ манъ гаштааст, даъват намуда барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм ҷалб намудааст. Нисбати шаҳрванд Сафарав Д.Л. аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189 қ-1 ва 307 қ-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)