СӮХТОР
23.08.2019 тахминан соати 10.50-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Қурбонов Абдувосид 1954 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.4, ҳ.30, ш.Ваҳдат дар масоҳати 20м2 сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 3200-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани балони гази моеъ мебошад. 22.08.2019 тахминан соати 16.20-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Толибов Ятим Толибович 1962 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д, Ҳакимӣ, деҳ. Сияҳгулак, н.Нуробод дар масоҳати 42м2 сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 2840-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани оташи оташдон мебошад.
23.08.2019 тахминан соати 17.30-дақиқа дар нуқтаи фуруши сузишвории ҶДММ “Сеганҷ”, воқеъ дар ҷ/д Чуст, деҳ. Хуҷи поён, н.Шаҳринав дар дохили кабинаи а/м тамғаи “Дулан”, р/д 15-71 РВ/01, ки ба шаҳрванд Ҷабборов Дилшод Қаҳҳорович 1970 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, ҷ/д М.Ризо, деҳ. Туда тааллуқ дорад, дар масоҳати 3м2 сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 11200-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои автомашина мебошад.
23.08.2019 тахминан соати 13:05-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Содиқов Рӯзибой Ҳасанович 1965 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. М. Турсунзода х.1, дар масоҳати 20м2 сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 2800-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор бе назорат гузоштани оташи носухта мебошад.
Комментарии (0)