< ҚАЛЛОБӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ

ҚАЛЛОБӢ
22.08.2019 шаҳрванд Қосимов Шаҳром Алиевич 1992 с/т, миллаташ тоҷик,   истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чоряккорон деҳ. Ҷавлибоӣ ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки моҳи июли соли 2015 шаҳрванд Қурбонзода Парвиз Ҳалимҷон 1984  с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.56, ҳ.8 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ш.Душанбе кӯч. Шоҳтемур х.32, ҳ.42-ро 70.000 доллари ИМА нархгузорӣ карда гирифта, 52.000 доллари ИМА-ро дода ваъда додааст, ки бар ивази боқимонда 18.000 доллари ИМА аз н.Рӯдакӣ, деҳ. Чортеппа замини назди ҳавлигӣ гирифта медихад ва то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий