< ДУЗДИИ РАҚАМҲОИ ДАВЛАТИИ МОШИН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДИИ РАҚАМҲОИ ДАВЛАТИИ МОШИН

ДУЗДИИ РАҚАМҲОИ ДАВЛАТИИ МОШИН
23.08.2019  шаҳрванд Тӯрақулов  Бобоҷон  Абдусаломович   2000 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи бахши 2-юми   Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, истиқоматкунандаи кӯч. И. Сомонӣ, х. 158, ҳ. 18, ба ШВКД ш.Хуҷанд муроҷиат намуд, ки шаби 22 ба 23.08.2019 сол  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз а/м шахсиаш тамғаи «Тайота Кемри», р/д   ТҶ 22-22 ОС/02,  ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, рақамҳои давлатии а/м-ро тасаруф намуда,  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда, 7000-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

23.08.2019 шаҳрванд Тешаева Зулайхо Садафовна   1964 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Лангардара, деҳ.Лангар ба ШВКД ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намуд, ки шаби 21 ба 22.08.2019 сол тахминан соати 24.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, ки дар дохили хонааш ҷойгир мебошад даромада, аз он ҷо 675-сомонӣ ва маҳсулоти хурокворӣ, ҷамъ ба маблағи 893-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

23.08.2019 шаҳрванд Давлатов Мунаввар Бобомуродович 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Чорбоғ ба ШВКД н.Варзоб муроҷиат намуд, ки аз санаи 08.08.2019 то 21.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 70,000-рубли ФР ва 3600-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

23.08.2019 шаҳрванд Назаров  Фазлиддин Ҳақназарович  1984 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Вахш, кӯч. М.Раҳимов  х.33/2 ба ШВКД н.Вахш муроҷиат намуд, ки аввалҳои  моҳи апрели соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад қолин, ки арзишашон 1000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

22.08.2019 шаҳрванд Бобоева Иронгул Шералиевна 1974 с\т, истиқоматкунандаи ҷ\д Панҷруд, деҳ. Кодара  х.2, ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки шаби 19 ба 20.08.2019 сол тахминан соатҳои 01:00 дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 15000-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллогин, ҷамъ ба маблағи 15850-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий