ҲОДИСАИ НОХУШ
21.08.2019 сол тахминан соати 18 ба 19:00 дақиқа ноболиғ Турахонова Мафтуна Тағаймуродовна 2003 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\д Ватан, деҳ. Ҳақиқат, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №18, ҳангоми оббозӣ кардан дар ҳамоми манзили истиқоматашон аз беэҳтиётиаш дасташ ба ноқили қувваи барқ расида, аз шиддати қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 21.08.2019 сол тахминан соати 19:20 дақиқа хурдсол, Гулматова Амина Саидмуродовна 2015 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Деҳқонобод, деҳ. Гаҷак, ҳангоми бозӣ кардан дар ҳавлии истиқоматиашон аз беэҳтиётии волидонаш ба болои хиштҳои сементи баромада, аз баланди ба замин афтида ба ҳалокат расидааст.
21.08.2019 сол тахминан соати 23:30 дақиқа хурдсол, Розиқов Амонулло Қиёмиддиновна 2018 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Хонақои кӯҳӣ, деҳ. Хонақо, ҳангоми бозӣ кардан дар дохили хонаи истиқоматии бобояш, Исмоилов Гулмаҳмад 1967 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Шарора, маҳ. Рӯдакӣ аз беэҳтиётии волидонаш телевизиор ба болояш чаппа шудааст. Дар натиҷа хурдсол, Розиқов А.Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи Қарияи Болои ш.Душанбе, ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)