ҶИНОЯТКОРОНИ ДАСТГИРШУДА
22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Қурбонов Ҳикматулло Амонқулович 1973 с/т, истиқоматкунандаи н.Хуросон, ҷ/д Қизил-Қалъа, деҳ. Бандар, ки ҷинояти қаллобиро содир намуда, аз тарафи РКҶ ВКД ҶТ бо моддаи 247қ.4 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд. 22.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Замбуров Фирдавсӣ Маҳматович 1980 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Деҳибаланд, деҳ. Шаҳринав, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.И.Сомонӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶҶТ дар ҷустуҷуй қарор дошт, дар ҳудуди н.Муъминобод дастгир карда шуд.
22.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ҳакимов Баҳриддин Назурович 1969 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳ. Маҳтумқулӣ, ки ҷинояти қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаи заминро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Ҷайҳун бо моддаҳои 247қ.3ва 338 қ.1 КҶҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Данғара дастгир карда шуд.
22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Расулов Эҳромиддин Ҳақназарович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Адолат, ки ҷинояти ташкили иттиҳоди ташкилоти экстремистиро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 дар н.Рӯдакӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо ихтиёри худ ба Ватан баргардонида шуд.
Комментарии (0)