< МОШИНРО БА ГАРАВ ГИРИФТУ ФУРӮХТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МОШИНРО БА ГАРАВ ГИРИФТУ ФУРӮХТ

МОШИНРО БА ГАРАВ ГИРИФТУ ФУРӮХТ

22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабов Шералӣ Исматович 1964 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.70/1, ҳ.7, пеш бо моддаи 245 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, а/м тамғаи «Опел-Зефира» р/д 57-10 СТ/01, ки ба шаҳрванд Раҳматуллоев Хушвахт Шералиевич 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Панфилов х.20 таалуқ дорад, ба муҳлати 6-моҳ бар ивази 40000 сомонӣ ба гарав  гирифта, а/м мазкурро азонихуд намуда, ба дигар шахс фурӯхтааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий