ҚАЛЛОБИ “КАСБӢ”
22.08.2019 сол шаҳрванд Одинаев Парвиз Ёқубович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Бохтар х.65, ҳ.44 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 07.03.2019 солдар кӯч. Теҳрон шаҳрванд Қурбонов Парвиз Ҳалимҷонович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.56, ҳ.8, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 4000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Худи ӯ моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Шарифова Нозанин Шарифовна 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Қазоқон х.2, ҳ.96 даромада, аз ӯ дар назди хонаи истиқоматиаш 47000-доллари ИМА-ро гирифта, тоҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин ӯ моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Давлатова Шоиста Музаффаровна 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Б.Ғафуров х.13, ҳ.13 даромада, аз ӯ дар назди хонаи истиқоматиаш 26000-доллари ИМА-ро гирифта, 21.000-доллари ИМА-ро баргардонида, боқимонда 5000-доллари ИМА-ро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Комментарии (0)