
21.08.2019 шаҳрванд Мирзоев Ҷумахон Мараҳимович 1959 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Ҷ.Румӣ х.46 ҷоий кораш ҶДММ "Дуто" ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 20.08.2019-сол тахминан соати 22:00 дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мазкур, воқеъ дар дар кӯч. Ҷ.Расулов бинои 45 даромада, аз он ҷо як миқдори ноқилҳои аз метали миссӣ, ки арзишашон 10000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Миров Сайёд Боймуродович 1988 с/т, истиқоматкунандаи н.Восеъ, кӯч. Восеъ х.27 дастгир карда шуд.
Комментарии (0)