ҚАЛЛОБИ КАСБӢ
20.08.2019 сол шаҳрванд Холмуродов Эраҷ Фитратович 1984 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Муҳаммадиев х.70, ҳ. 81 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2016 дар назди чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар кӯч.Рӯдакӣ шаҳрванд Одинаев Карим Қурбонович 1972 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чимтеппа, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 20000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Худи ӯ моҳи январи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Холмуродов Беҳзод Фитратович 1984 с/т, истик. кӯч. Муҳаммадиев х.70, ҳ.84 даромада аз ӯ 20000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин ӯ моҳи январи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раҷабов Паҳлавӣ Умрибоевич 1976 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Х.Шерозӣ х.16/1, ҳ.21 даромада аз ӯ 23000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Комментарии (0)