ДУЗДӢ ДАР ДУКОНИ ТАЪМИРИ ТЕЛЕФОН
20.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ Абдуллоев Исфандиёр Саидаъзамович 2002 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Ғайрат, деҳ. Деҳқонобод, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва шаҳрванд Буриев Мирзоалӣ Шарифович 1979 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Роҳатӣ, деҳ. Нилкон дастгир карда шудаанд. Номбурдагон санаи 07.08.2019 сол тахминан соати 01:30 дақиқа ҳангоми дар кӯч.С.Айнӣ назди бинои 269 қарор доштанашон, бо роҳи пинҳонӣ ба дӯкони нуқтаи таъмири телефонҳои мобилӣ, ки ба шаҳрванд Ҷамшеди Сафаралӣ Қодирзода 1987 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Т.Шарқӣ-4 х.154 таъаллуқ дорад даромада, аз он ҷо 20-адад телефонҳои мобили тамғаҳои гуногун, 6-адад планшет, 30-адад ламинатҳо, 15-адад батареяҳо, 5-адад зарядник, 2-адад наушник, 5-адад флешкарта, ҷамъ маблағи умумиашон 7000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 20.08.2019 шаҳрванд Орзуева Зебониссо Маҳмудовна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорякорон, деҳ. Чорякорон, ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 17 ба 18.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзишашон 25.123-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
20.08.2019 шаҳрванд Дарвозиев Сафарбек Музаффарович 1966 с/т,миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳалевар, деҳ. Ленинград ба ШВКД ноҳияи Балхӣ муроҷиат намуд, ки шаби 16 ба 17.08.2019 сол тахминан соати 24:00 дақиқа шахсони номаълум, аз заминҳои хоҷаги деҳқониаш 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)