
20.06.2019 сол шаҳрванд Раҳимзода Носирҷони Нозим 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д А.Ҳасанов, деҳ. Меҳнатобод ба ШВКД ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуд, ки санаи 19.08.2019 сол тахминан соати 22.30 дақиқа шахси номаълум дар сари пули н.Шаҳринав, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба қафаси синнааш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Раҳимзода Н.Н. ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Набиев Умедҷон Қаландарович 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шаҳринав, маҳ. Шарифобод дастгир карда шуд.
Комментарии (0)