< ҚОЧОҚ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚОЧОҚ

ҚОЧОҚ
19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯч. Ф.Ниёзӣ шаҳрванд Амонов Амриддин Ҳамидович 1982 с/т, миллаташӯзбек, истиқоматкунандаи н.Зафаробод кӯч. Б.Хамза х.10/5, соҳибкори инфиродӣ дастгир карда шуд. Номбурда, аз моҳи июли соли 2018 то моҳи феврали соли 2019 тахминан 30-маротиба бо автомашинаи боркашонӣ бо тариқи қочоқ аз Ҷум. Ӯзбекистон ба ҳудуди Ҷум. Тоҷикистон машруботи спиртии навъи оби ҷави тамғаи “Кибрай”-ро ворид намудааст. Маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ машруботи спиртии мазкур 422430-литр, ҷамъ ба маблағи 4.385.856-сомониро ташкил медиҳад. Оиди ин ҷиноят аз тарафи Прократураи Генералии ҶТ  парвандаи ҷиноятӣ бо мод. 289 КҶ ҶТ  оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий