МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШИРАИ КАМОЛ
19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣаз хонаи истиқоматии шаҳрванд Базаров Шамсиддин Абдиевич 1964 с/т, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/ш Киров, деҳ. Боҳтуробод, дар зарфи полиэтилени (селофани шиваки), як миқдор маводи рангаш сафедчаи бӯи махсус дошта, ба шираи камол монанд, дарёфт карда гирифта шуд. Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Камолов Илҳомиддин Бойназарович 1975 с/т, истиқоматкунандаи н.Данғара, ҷ/д Сангтуда, деҳ. Гулистон тааллуқ дошта, ғайриқонунӣ ба даст оварда, бо мақсади интиқол намудан нигоҳ доштааст. Мувофиқи хулосаи таҳлили кимиёвию фармасевтии в/Хатлон вазни холиси шираи камол 16-кг, 300-граммро ташкил медиҳад. 19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон 1).Камолов Раҳматулло Музафарович 1995 с/т, 2). Камолов Сидхуҷа Қурбонович 1992 с/т, 3). Эшматов Аҳмадбек Саидбегович 1996с/т ва 4.) Бобоҷонов Абдулло Маҳмадуллоевич 1998 с/т, истиқоматкунандагониҷ/д Эсанбой, деҳ. Косамбулоқ дастгир карда шуданд. Аз номбурдагон мувофиқи маълумотномаи Хадамоти нозиротӣ-давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Шираи камол”, ки вазнаш 21-кг, 650-граммро ташкилмедиҳад, гирифта шуд.
Комментарии (0)