ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ
19.08.2019 шаҳрванд Қурбонова Шоира Иномҷоновна 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Ҳисор х.81 ҳ.6 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 25.09.2013-сол шаҳрванд Каримов Маҳдиҷон Каримович 1988 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат ҷ/д. Исмоилов деҳ. Вахдатобод бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 38400-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.19.08.2019 шаҳрванд Қадамов Алӣ Додихудоевич 1990 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Зардушт х.25/1, ҳ.10 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-2 муроҷиат намуд, ки шаҳрванд Қаландаров Саидмуъмин Боқибуллоевич 1988 с/т, истиқоматкунандаи н.Темурмалик, ҷ/д Савхози Кангурд, деҳ. Давлатшоёнбо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ як атомашинаи тамгаи “Хундай Салярис”, соли бароришаш 2011 ба маблағи 80000-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, а/м мазкурро ба маблағи 50000-сомонӣ фурӯхта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сафаров Насимҷон Маҳмадуллоевич 1986 с/т истиқоматкунандаи н.Восеъ, ҷ/д Қурбоншаид деҳ.Гулистон дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2015 то соли 2017 бомақсади азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба боварии шаҳрванд Саидмамадов Хусрав Айдмамадович 1988 с/т истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чоряккорон, кӯч Зафар х.2/1 ҳ.26, намояндаи ҶДММ «Муҳаммадӣ Фирдавс»,воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 даромада, аз ӯ ба маблағи 43935-сомонӣ равганҳои молиданӣ гирифта, ба шаҳрванд Саидмамадов Х.А. ваъда додааст, ки пас аз фурӯхтани равғанҳои мазкур маблағи онро бармегардонад. Шаҳрванд Сафаров Н.М, равғанҳои мазкурро азони худ намуда, маблағи бадаст овардаашро ба манфияти шахсии худ сарф намудааст. Нисбати шаҳрванд Сафаров Н.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)